Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳи пойдору рушди иқтисодии Афғонистон ва мавқеи ин давлат …

Матни пурра »

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷалолатмаоб, Хабари таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон …

Матни пурра »

Мусобиқаи варзишӣ ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Афғонистон

25-уми майи соли 2017 аз ҷониби Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мусобиқаи варзишии каратэ байни наврасон ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳамкории Кумитаи варзишии муҷтамаъи ҷомеаи маданӣ ва мудирияти варзиши Бадахшони Афғонистон дар ш.Файзободи ҶИА баргузор гардид, ки дар он 100 нафар иштирок карданд. Дар ин …

Матни пурра »

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзай

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзайро ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат таъкид карда шуд, ки ҳамсоягиву дӯстии бардавом маҳаки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро ташкил дода, ҳамкории гуногунҷанба бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон …

Матни пурра »

Боздиди Доктор А.Абдулло аз вилояти Бадахшони Афғонистон

Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Доктор Абдулло Абдулло 13 — уми майи соли 2017 бо  сафари корӣ ба вилояти Бадахшони ҶИА ташриф овард. Дар ин сафар А.Абдуллоро ҳайати вазирон ва кормандони олирутбаи ҳукумат, аз он ҷумла, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷа, Н.Дурронӣ, вазири инкишофи деҳот, М.Фирӯз, вазири тандурустӣ, вазирони маориф, фавоиди омма,  …

Матни пурра »

Фаъол гардидани сомонаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Сомонаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва алифбои форсӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол гардонида шудаст, ки дар таърихи таъсисёбии ин муассиса таҷрибаи нав мебошад (нишонии сомонаhttp://badakhshantajcons.org/tj). Дар сомонаи навтаъсиси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, маводи вобаста ба рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон, фаъолияти Пешвои …

Матни пурра »

Сӯҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Имрӯз гуфтугӯи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои пайвастаи ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд. …

Матни пурра »

Саҳифаи 1 аз 41234